Skip to main content

ФАҚИРИ БАРАҲНА - Шеърҳои тоҷикӣ: ошиқӣ, модар, ватан, рубоиёт, панд, ғазал, ҳикоя, ривоят..

ҳар 10 дақиқа 1 кӯдак барои гуруснагӣ дар Яман мемирад

Ҳасти мову ту ҳама
Хиркаи кӯҳна дар назар,
Нақш ба нақш кардамаш
Ҷумла зи пораи ҷигар.
Нақше зи пораи ҳазин,
Нақше зи ашку оҳи ман,
Бахше зи ришхандае
Биму ғаму гуноҳи ман.
Гоҳ зи нимаи нигаҳ,
Гоҳ зиёду гоҳ кам.
Ҳастии мову ту ҳама
Ҷомаи кӯҳнаи ситам.
Нестӣ чун бараҳнае
Ҷомаи он боду ҳаво,
Шӯълаи нурҳои маҳ
Шаш ҷиҳати вуҷуди мо.
Гоҳ ба бар кунад зи нав
Шӯълаи шамси субҳдам,
Гоҳ ҳарири барги гул,
Карда ба тан чу шоми ғам.
Боз валек он фақир
Зору бараҳна меравад,
Дар бағали зулому нур,
Хаставу гушна меравад.
Ҳикмати ҳастӣ модда аст,
Ҳикмати соддаро шунав,
Ҷилди бараҳнагии мо
Пора кунад сабоҳи нав.

Comments

Popular posts from this blog

таваллуди Имом Али дар Каъба

Абдулазиз Деҳлавӣ (олими маъруфи #Сунни ) ва эътирофи ӯ ба таваллуди #Имом_Али (а) дар #Каъба